Мурот Нуртулиев муовини нахуствазири ва вазири хориҷаи Қазоқистон бо Субраҳманиям Ҷайшанкар вазири хориҷаи Ҳинд дидор кард.
Тарафайн дар мавридҳи чашмандози рушди ҳамкории Қазоқистон ва Ҳинд дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардустона гуфтугу карданд.
Ин дипломатҳо ҳамчунин дар хусуси мавзуъоти мавҷуд дар дастури кори байналмилалӣ табодули назар ва бар таъомули мусбати ду кишвар дар чорчуби сохторҳои чандҷониба аз ҷумла Созмони Милал, Созмон Ҳамкории Шанхай, СИКО ва гуфтугуи Осиёи Марказӣ ва Ҳинд таъкид карданд.
Ҳамчунин Нуртулиев бо Жонг Минг дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай гуфтугу кард ва дар ҷараёни он мавзуъоти таъомул дар чорчуби фаъолиятҳои созмон мавриди баҳсу барраси қарор гирфт.
342/